Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ғалаба

2-юми майи соли равон шўъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китоб «Бахшида ба 70-солагии Ғалаба» доир намуд. 
Дар ин намоиш зиёда аз 50 –номгўи китобҳои дар даврони ҷанг ва баъди он чопшуда бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ гузошта шуданд.  
Як бахши муҳимро китобҳои даврони ҷанг ва солҳои аввали баъди ҷанг интишоршуда ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, китобҳои «Таня» (Лидов П. соли 1942), «Ёддошти аскари сурх» (соли 1942), «Сурудҳои ҷанги Ватанӣ» (Абулқосим Лоҳутӣ соли 1943), «Чор ҳодисаи ҷанговарона»(Л. Успенский, Сталинобод-соли  1941), «Рўзҳое, ки қаҳрамононро ба вуҷуд меоранд» (Василевская Ванда соли 1943), “Гудоки зафар” (Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, соли 1949), «Достони марди ҳақиқӣ» (Борис Полевой соли 1951), «Плакат великой отечественной» (соли 1985), «Комсомольцы герои» (соли 1964) ва ғайра.
Куҳантарин китоб дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ин намоиш гузошта шудааст, «Пионер дар сарҳад» ном дорад, ки ба қалами  Ҳ. Обидӣ ва А. Усмонов мутааллиқ буда, соли 1941 ба табъ расидааст.