Китоби судманде дар физикаи назариявӣ
Олимони тоҷик Ҳ.Абдуллоев ва Д.Солиҳов дар китоби нави дарсии худ бо номи “Татбиқи назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ дар ҳалли масъалаҳои физикаи назариявӣ” сари чандин масъалаи физикӣ баҳс кардаанд. Онҳо дар сарсухан менависанд, ки интишори ин гуна китоб дар Тоҷикистон бо забони давлатӣ бори аввал аст. Аз ин рӯ муътақиданд, ки дар истифодаи вожаҳо ҳатман камбудиҳое вуҷуд доранд, чун тарҷумаи истилоҳоти физикии мавзуъ худ як кори сангин будааст. Ва аз ҳамаи корбарон, бахусус устодону донишҷӯён хоҳиш кардаанд, ки дар нишон додани ин камбудиҳо истиҳола накунанд, чун муаллифон эродҳоро дар нашри баъдӣ ба назар хоҳанд гирифт.
Муаллифон китобро давоми мантиқии дастури таълимии “Курси мухтасари назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ” меноманд, ки соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.