Вохўрӣ бо равоншинос Нурулло Шарипов
Нашр шуд 2015-05-13 10:20
Хонандагони доимии шуъбаи махсуси Китобхонаи миллӣ аз эҳтиёҷи шадидашон ба кумакҳои равонӣ изҳори назар карданд.
16 нафар аз ҷумлаи афроди дорои имконоти маҳдуд рӯзи 29- уми апрели соли равон дар мулоқот бо ровоншиноси тоҷик Нурулло Шарипов иқрор шуданд, ки ниёзе ба маслиҳату машваратҳои равоншиносӣ доранд. Ва онҳо пешниҳод карданд, ки ин гуна дидору мулоқот бештар баргузор шавад, то тавонанд ба суолоте, ки мушкили худ медонанд, посух дарёфт кунанд.
Мулоқоти рaвоншиноси тоҷик бо афроди дорои имконоти маҳдуд рӯзи чоршанбеи гузашта дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд ва дар он асосан хонандагони доимии бахши махсуси китобхона ширкат варзиданд.
Дар ин мулоқот атрофи мавзуъи то кадом ҳад зарур будани кумакҳои равоншиносӣ барои афроди имконоташон маҳдуд суҳбати муфид ҷараён гирифт.
Дидор бо равоншинос он нуктаро як бори дигар рушан кард, ки маслиҳатҳои равоншиносӣ дар ҳама ҳолат, бахусус дар лаҳазоте, ки инсонро яъсу навмедӣ фаро мегирад, зарур аст.