Баррасии фаъолияти нимасра дар як конфронси байналмилалӣ
Нашр шуд 2015-05-13 11:14
Дар конфронси байналмилалии бахшида ба 50-солагии Китобхонаи давлатии патентию техники Муассисаи давлатии Маркази миллии иттилоот»-и Вазорати рушди ицтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳузури густардаи хонандагону донишҷӯён ва мутахассисони соҳа рӯзҳои 5-6-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба китобдорӣ ва ҷалби хонанда, китоб ва нақши он дар рушди маънавии инсон, мушкилоти соҳа, матбуот ва адабиёти соҳавӣ ва ғайра сухан рафт.
Дар аввалин рӯзи баргузории он ширкаткунандагон бо фаъолияти марказҳо ва шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ошно шуданд.
Сипас, мизи мудаввар бо номи “Нақши матбуоти тахассусӣ дар тарғиби донишҳои китобдорӣ” доир гардид. Ширкаткунандагон атрофи масоиле, ки аз камбуди матбуоти тахассусӣ бармеояд ва роҳҳои аз миён бурдани ин мушкилот ибрози назар намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ шумораи навбатии маҷаллаи “Китобдор”, ки маводҳои он ба солгарди таъсиси китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.