«Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад...»

Ин ғазали Лисоннулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар маҳфили навбатии “Ҳофизхонӣ”-и Китобхонаи миллӣ шарҳу тафсир шуд.
Маҳфил рӯзи 28-уми май бо ширкат ва сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода баргузор гардид. Ин бор гардонандаи маҳфил донишманди шинохта, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломов буд, ки бо қироати ғазали ёдшудаи «Тарсам, ки ашк  дар ғами мо пардадар шавад» мисраъ ба мисраъ онро шарҳу тафсир кард. 
Дар шарҳи ин ғазал ҳамчунин донишманди маъруф ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб, устодони Донишгоҳ Боймурод Шарифзода, Баҳриддин Мақсудов ширкат карданд ва миёни ҳозирон баҳси хеле шунидании илмӣ ҷараён гирифт. 
Хоҷа Ҳофиз маъруфтарин шоири форсу тоҷик буда, бо гузашти асрҳо осораш ҳамоно аз маҳбубияти хос миёни мардум бархӯрдор аст. Девони ашъори шоири маҳбуб дар Тоҷикистон борҳо чоп шудааст ва дар Китобхонаи миллӣ низ дар радифи дастхатҳои қадима аз осори Лисонулғайб низ китобҳо маҳфузанд. 
Маҳфили “Ҳофизхонӣ” як ҳамоиши навест, ки моҳе ду маротиба ҳаводорони шеъри оламгири Хоҷаи Шерозро дар Китобхонаи миллӣ гирд меорад ва дар ҳар маҳфил як нафар аз ҷумлаи донишмондони Ҳофизшинос роҷеъ ба як ғазали Хоҷа ва ё мавзуъи ашъори ӯ баҳс мекунанд.