«Аскарони ғалаба» дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ мешавад

Дар остонаи таҷлили  70-умин солгради пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо талоши генерал Абдулло Ҳабибов ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо китоби хотироти ҷанговарон аз пойтхти кишвар бо номи “Аскарои ғалаба” чоп шуд, ки рӯзи панҷшанбе, 7-уми майи соли ҷорӣ бо ҳузури густардаи хонадагон дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ мешавад. 
 Китоб хотираи беш аз 90 ҷанговар, фотеҳони ҷангро гирд овардааст. Пирони нуронӣ, ки ҳар кадом акнун дар остонаи баҳори 90-уми умр қарор доранд, лаҳзаҳои хонданиву шуниданиеро аз он рӯзгори басо мудҳиш ҳикоят кардаанд.  
Ҳамчуноне муаллифон дар муқаддимаи китоб овардаанд, аз санаи Ғалабаи халқи шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар қадар дуртар равем, ҳамон қадар қаҳрамонҳои он, шоҳидони даҳшатҳои он рўзҳои наҳс ҳам, мутаассифона камтар мегардад. Аз тарафи дигар, насли оянда бояд ин пораи даҳшатноки таърихро ҳамеша дар ёд дошта бошанду аз он хулосаи зарурӣ бароранд.