Шуъбаи таблиғ

Ним соли таблиғ: аз чорабиниҳои фарҳангӣ то намоиши китоб

Шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, чуноне аз номаш пайдост, фаъолияти худро дар ду самти асосӣ: тарғиб ва роҳандозии чорабиниҳо ба роҳ мемонад. Кулли фаъолиятҳои он дар ҳамин ду самти асосӣ мутамарказ аст. 
Сайри Китобхона ва муаррифии он барои меҳмонон ва хонандагони нав ҷузъе аз ин таблиғот аст. Яъне, афрод ба китобхонӣ таблиғ мешаванд, барои ин онҳоро аз толор ба толори дигар сайр медиҳанд ва толорҳоро муаррифӣ мекунанд, то