Инсоният дар тўли таърих, дар ҳамагуна шароите, ки зуҳур накарда бошад, дорои нишонаҳои ахлоқии худ буд. Беш аз ин дар ҳаёти инсон тарбияи ахлоқӣ ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Ба ин хотир, аввалин ва бузургтарин китоби таърихи инсоният «Авесто» низ пеш аз ҳама ба тарбияи ахлоқии инсон бахшида шудааст. Шиори авестоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», ки беш аз се ҳазор сол пеш
Рӯзи 21 июни соли 2019 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон нуҳумин семинари байналмилалӣ, ки ба технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ бахшида шуда буд, ба анҷом расид. Дар он намояндагони 56 кишвари дунё аз ИДМ ва хориҷа ширкат варзиданд. Ширкаткунандагони он ба масъалаҳои ҳифз ва нигаҳдори мероси ниёгон дар китобхона ва шаклҳои нигаҳдории фонди китобӣ таъкид карданд.
Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон (собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ) соли 1969 таъсис ёфт. Тўли фаъолияти беш аз 40 солаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (яъне то соли 1969) дар ин ҷо китобу маҷмўа, дастурҳои библиографӣ, методӣ, таҳқиқотӣ, маълумотномаҳо, нишондиҳандаҳо, мақолаҳои илмию оммавии зиёд ба табъ расиданд, ки масоили китобхона гуногуни ба китобу китобхона марбутро баррасӣ менамуданд.