робитаҳои байналмилалӣ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо фармони Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон №409 аз 06.08.2012 тасдиқ гардидааст.
Шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар асоси Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қарору супоришхои Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ менамояд. Шуъба тибқи воҳиди корӣ аз 5 нафар корманд иборат мебошад.