автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ

Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ

   Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфта, бо воситаҳои муосири технологияи иттилоотии раванди китобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъба ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў ва дастрасии муштариён ба маҷмўи иттилооти китобдорӣ машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодаба­ран­дагонро бо шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад.

Шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Дар шаш моҳи ахир кормандони шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотӣ  110 нусха китобро дар ҳаҷми 81080 саҳифа нусхабардорӣ  ва ба қолаби pdf  баргардонида, ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир кардаанд. Инчунин маводҳои электронӣ -58 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 90 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 1900  китоб феҳристбандӣ  шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери  ftp ҷойгир карда шудаст.

Страницы