Шуъбаи муҳосибот

Шӯъбаи  муҳосибот, бахши  иқтисод  ва  банақшагирӣ  бо  фармони  Директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  №409 аз 06.08.2012с. таъсис шудааст. Дар шуъба тибқи воҳиди корӣ 8-нафар кор мекунанд. Шуъба самаранок ва мақсаднок  истифода шудани маблағҳои ҷудошударо  назорат мекунад.
Инҳо вазифаҳои аслии шуъба ба шумор мераванд:
- баланд  бардоштани  қаноатмандии  касбию  моддии  ҳар  корманд, ҳифзи  сиҳатӣ  ва таъмини  бехатарии  кормандон;
- мусоидат намудан ба болоравии захираҳои маблағ, захираҳои маводи  китобхона ва иқтисодиёт,ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷетӣ.
- таъсис ва ҳамоҳангсозии хизматрасонии иттилоотӣ – китобхонагӣ ва дигар  намуди хизматрасонии  пулакӣ дар асоси созишнома.
- дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати  молияви  Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети дастгоҳи  марказиро тартиб  дода, доир ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани ин маблағҳо ба  роҳбарият маълумот пешниҳод  менамояд;
-  корҳои  банақшагирии  соҳаро  ба  роҳ  монда, рушди  ҳамаи  воҳидҳои  соҳаи  китобдорӣ  фаъолияти  молиявӣ, меҳнат  ва  музди  кор, ҷамъоварӣ,  коркард  ва  таҳлили  ахбори  иқтисодиро  таъмин  менамояд;
- мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда  барномаҳои  ояндабинии  молиявӣ, нақшаҳои солона ва дурнамои тарақиёти иқтисодии Китобхона, шумораи  кормандони соҳа ва фонди музди меҳнати онҳоро тартиб  медиҳад;
-  шакл ва амалияи банақшагириро такмил медиҳад, тарзу тариқи ҳисоботи соҳа ва пешниҳоди онро ба шакл медарорад;
- мувофиқи тартиботи муқараргардида чорабиниҳоро оид ба такмили пардохти  музди меҳнати воҳидҳои кории кормандони соҳа тадбиқ менамояд;
- нақшаи ҷамъбасти даромад  ва хароҷот аз рӯи суратҳисоби махсусро тартиб медиҳад;.
- Ҳисоботи бухгалтериро  ҳар семоҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва ҳисоботи омориро ҳар моҳ ба сохторҳои дахлдор ирсол намуда, аз натиҷааш ба Директори  муассиса гузориш медиҳад.
 Ҳамаи лоиҳа ва фармону қарорҳо, фармоишҳо, мактубҳои дастуриро, ки бевосита  ба масъалаҳои нақшаи молиявӣ, музди меҳнат, воҳидҳои корӣ дахл доранд, бояд ин  шуъба мавриди баррасӣ қарор диҳад ва дар таҳияи онҳо бевосита ширкат дошта бошад.

Сардори  шуъбаи  муҳосибот, бахши  иқтисод  ва  банақшагирӣ
Каримова  Маҳбуба  Шариповна    
eska@55mail.ru